Таҳаввулоти иҷтимоӣ роҳе ҷуз таҳаввулоти фикрӣ надорад

Ҳар чи замон мегузарад, боварам ба ин масъала бештар мегардад, ки таҳаввулоти иҷтимоӣ роҳи худашро мепаймояд. То ба ҳадди нисоби худаш нарасида бошад, ҳеч гуна наметавон онро ба ҷилав андохт ва ҳар гоҳ ба ҳадди нисоб расид, дигар ба ҳеч ваҷҳ наметавон аз вуқӯъи он пешгирӣ кард. Бинобар ин чи басо фишорҳои сиёсӣ, ки барои... Читать далее →

Бахшидани узви бадан аз назари шариати исломӣ

Бахшидани узви бадан аз назари фиқҳи исломӣ ҷоиз аст. Шайх Юсуф Қарзовӣ дар як гуфтугӯ дар барномаи “Шариъат ва ҳаёт”, ки дар шабакаи Алҷазира дар торихи 06.05.2008 сурат гирифта буд, бахшидани узвро аз назари шариъати исломӣ на танҳо ҷоиз, балки мустаҳаб шуморида буд. Аз ҷумла баён дошт: لا شك أن التبرع بالأعضاء جائز بل مستحب... Читать далее →

Таассуб

Мафҳуме, ки ба маънои зиддаш ба кор меравад. Ҳар инсони солиме таассуб дорад, инсони бетаассуб дар воқеъ инсони мурда аст. Инсоне, ки нисбат ба ҳеч чизе ҳеч эҳсосе надорад, на эҳсоси эҳтиром ва ба табаъи он на эҳсоси инзиҷор. Чӣ касе ҳаст, ки нисбат ба хонаводааш, ба ватанаш, ба арзишҳои миллӣ ва махсусан арзишҳои диниаш... Читать далее →

Вируси миллатгароӣ

Вақте ин вирус сад сол пеш ба баданаи ҷаҳони ислом тазриқ шуд, як уммати воҳид ва якпорчаро порча-порча карда ва ҳар порчаро ҳамчун луқмае нарм дар даҳони қудратҳои истеъморӣ гузошт ва ба осонӣ балъида шуд. Ҷолиб ин ҷост, ки онҳое, ки бо тези миллигароӣ уммати фаромилии исломиро пора-пора кардард, худашон бо тези интернатсионалистӣ ва фарҳанги... Читать далее →

Вақте оятҳои Худоро ба баҳои ночизе мефурӯшанд…

Дар ояти 9 сураи Тавба мефармояд: اشْتَرَوْا بِآيَاتِ اللَّهِ ثَمَنًا قَلِيلًا فَصَدُّوا عَنْ سَبِيلِهِ إِنَّهُمْ سَاءَ مَا كَانُوا يَعْمَلُونَ “Оёти Худоро ба баҳои ночизе фурӯхтанд ва (мардумро) аз роҳи ӯ боздоштанд, ба ростӣ онон чи бад аъмоле анҷом медоданд!” * * * Сайидмукаррам Абдуқодирзода, Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мақолае, фатвое содир... Читать далее →

Тушбераро хом шумурдед!

Як идда он қадр тезу тунд арзишҳои дарунхолии ғарбиро доранд тарғибу ташвиқ ва ҳатто номаҳсус ба ҷомеа таҳмил мекунанд, ки гӯё мухотабонашон на инсонҳои дорои шуъур, балки чаҳорпоёне бешуъур бошанд. Ингор худро чӯпон ва ҷомеаро галлаи гӯсфанд фарз кардаанд. Он гуна худро ҳокими мутлақ дар фазои маҷозӣ гирифтаанд, ки ҳар касе хилофи майли онҳо назар... Читать далее →

Низомҳои худкома ва ахлоқи ҷомеа

Инсон мавҷудест иҷтимоӣ, яъне вуҷуд ва бақои навъи инсон дар гарави зиндагии дастаҷамъии ӯ буда ва мебошад. Ин иҷтимоъ аз ниҳоди кӯчаки хонавода оғоз ва то иҷтимоъҳои бузургу бузургтар, ҳамчун шаҳр ва кишвар, кашида мешавад. Вобастагии инсон ба ҷомеа, фақат аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳаёти моддӣ нест, балки ҳамаи ҷанбаҳои вуҷуди инсон вобаста ба ҷомеа... Читать далее →

Эй марднамоҳои бебаҳра аз мардонагӣ!

Хутбаи 27-уми ҳазрати Алӣ ибни Абӯтолиб дар Наҳҷул-балоға яке аз он хутбаҳои ғаррои ин ҳазрат аст. Вақте инсон ин хутбаи ҳазратро мехонад, гумон мекунад, ки гӯё мухотаби он ҳазрат мусалмонони имрӯз бошанд. Дар ин хутба, дақиқан ҳоли мусаломони имрӯз тавсиф шудааст. Касоне, ки дар роҳи ҳаққи худ парокандаанд, дар ҳоле ки душманони онҳо дар роҳи... Читать далее →

Офати рӯзмаррагӣ

Агар ту барои фардоят барнома надошта бошӣ, мутмаин бош дигарон бароят хоҳанд навишт! Агар мардуми мо беш аз бист сол гирифтори як режими худкома ва белиёқат гаштаанд, далелаш ин аст, ки ҳаргиз ба фикри фардои ҷомеъа набуданд. Тамоми ҳамму ғамми мардум, дар ин муддат чӣ гуна гузарондани имрӯзашон буда ва ҳаст. Албатта дар ин масъала... Читать далее →

Бӯҳрони ҳувият

Ҳамзамон бо истилои рус бар сарзамини Осиёи Миёна, ҷараёни ҳувиятзудоӣ аз мардуми ин сарзамин оғоз шуд. Аввал хатту алифбои моро тағйир доданд, то иртиботи мо бо пешинаи фарҳангӣ ва ҳувиятиамон қатъ бишавад. Сипас саъй карданд мутобиқ бо идеулужии ҳоким пешинаи моро бознависӣ кунанд. Дар қадами баъдӣ, аз кӯдакистон гирифта то мактабу донишгоҳу академия, ба мо... Читать далее →

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑